Сўњроб Мансуров капитан ва бењтарин њимоятгари дастаи «Энергетик», аз рўзи аввали ташкили озмуни «Бењтарин футболбозї соли 2009» миёни хонандагони њафтанома яке аз сермухлистарин варзишгар ба њисоб меравад.
- Каме дар бораи фаъолияти худ наќл кунед?
- Футболбозиро дар дастаи «Истаравшан», ки айни замон дар Лигаи якуми вилоят бозї мекунад, оѓоз намудаам. Метавонам гўям, ки тарбиягирандаи њамин даста мебошам. Аввалин мураббиёнам Њаким Њабибуллоев ва шодравон Ќодиров Абдухолиќ мебошанд. Соли 2002 ба хотири ин мард, дастањои вилоят ва якчанд дастаи пойтахт байни худ мусобиќа гузаронда буданд. Соли 2003 дастаи «Истаравшан» имкон пайдо кард, ки дар Лигаи олї бозї кунад. Соли 2004 дастаи мо дар бозии финалии Љоми Тољикистон ба тими «Парвоз» маѓлуб гаштем. Баъдтар дастаи «Истаравшан» бо сабабњои мушкилии молиявї пароканда шуд. Баъди ин таќрибан ду моњ дар дастаи «Парвоз», ки сармураббиаш Шариф Назаров буданд, машќ кардам. Вале мавзўи дар даста мондани ман њал нагашт ва ман ба дастаи «Хуљанд» рафтам.
- Оё дастаи «Истаравшан» сарпараст надошт?
- Сарпарасти њамон ваќта, Зулфиќор Тоиров сардори кумитаи гумрук буданд, аммо баъди он ки он кас ба Мастчоњ рафтанд, касе дастаро дастгирї накард. Њукумати Истаравшан њам чандон ањамият надод.
- Аз дастаи мазкур ѓайри шумо дар дастањои Лигаи олї касе бозї мекунад? - Ња, Асадулло Нуруллоев, Шўњрат Шамсиев, њам бозигар ва њам мураббї Аъзам Њусейнов, ки аз дастаи «Спитамен» ба «Хуљанд» гузашт.
- Хўш, дар «Хуљанд» чанд ваќт мондед?
- Дар дастаи «Хуљанд» ду сол бозї кардам. Баъди тамом шудани мўњлати шартномаам бо ин даста, маро Шариф Назаров ба дастаи «Хима» даъват кард. Дар ин даста як сол бозї кардам. Баъди ин якбора аз ду даста «Энергетик» ва «Вахш» даъватнома омад, ки ман «Энергетик»-ро интихоб кардам. Аз соли 2008 то ин љониб капитани даста мебошам.
- Шуморо кї капитани даста интихоб кард?
- Бачањои даста дар якљоягї маслињат карда, маро капитан интихоб карданд.
- Дар дастаи мунтахаб бозї кардаед?
- Њамроњи дастаи мунтахаби љавонон, соли 2005 дар даври гурўњии Мусобиќаи Осиё покистонињоро 8:0 буридем ва бо ўзбекњо дуранг 0:0 карда, ба даври финалї баромада будем. Соли 2006 дар Њиндустон, азбаски ба гурўњи нерўманд афтода будем, дар њар се бозї маѓлуб шудем. Соли 2007 дар дастаи олимпї бо тими Ўзбекистон бозї кардем, ки дар майдони худ 2:0 бой додем, вале дар сафар 4:1 буридем. Соли 2008 бо дастаи мунтахаби миллї ба Филиппин рафта, дар гурўњи худ љои аввалро гирифтем. Баъди ин дар Њиндустон, тањти сарварии сармураббї Пўлод Ќодиров љои дуюмро соњиб гаштем.
- Чаро имсол ба дастаи мунтахаб даъват накарданд?
- Намедонам.
- Онњоеро, ки сармураббї даъват кард, ба фикратон арзандаанд?
- Бозигарони интихоб шуда, њамаашон дар дастањои Лигаи олї бозї мекунанд, барои њамин ба фикрам арзандаанд.
- Агар љеѓ мезаданд мерафтед?
- Албатта, барои ватан рафтан лозим аст.
- Оё имсол њам дар дастаи «Энергетик» мемонед?
- Њоло маълум нест, њаракат мекунам дар даста бимонам. Айни замон, аз дастаи «РегарТадАЗ» даъват аст, шартњоро мебинем, баъд ба як хулоса меоем. Соли дуюм аст, ки дар дастаи «Энергетик» бозї мекунам ва байни бачањо ва роњбарият якдигарфањмї аст.
- Фарќи чемпионати имсоларо аз солњои пеш дар чї мебинед?
- Аз солњои пеш метавон гуфт, ки футболи мо каме пеш рафтааст. Вале имсол дар Лигаи олї дастањо хеле кам буданд. Аќаллан бояд 16 даста бошад. Дар ин сурат бозигарон њам зиёд мешаванд. Мухлисон њам барои тамошо меоянд. Раваду соли оянда њам дастањо кам шаванд, пас бозињо бояд дар чор давр гузаранд.
- Дар чемпионати имсола вохўрї бо кадом даста дар хотиратон монд?
- Бозї бо дастаи «Хуљанд». Чунки агар ин даста бозиро ба мо намебохт, шояд чемпион мешуд. - Яъне гуфтаниед, ки яке аз сабабњои чемпион нашудани «Хуљанд», барќчиён буданд? - Бале, яке аз сабабњо мањз њамин буд.
- Боре њисоб кардед, ки агар дастаи «Энергетик» бозиеро, ки дар даври дуюм нишон дод, даври аввал њамин гуна мегузаронд, дар чемпионат љои чандумро мегирифт?
]- Шояд чемпион мешудем.
- Пас сабаб чї буд, ки дар даври дуюм бозии хуб нишон додетону, дар даври аввалро не?
-Ќисми зиёди бозигарони дастаи мо љавонанд ва байни даста начандон якдигарфањмї буд, баъдан даста љисман хуб омода набуд.
- Ба фикри шумо бозигари бењтарини чемпионат кист?
- Мо бозигарони бењтарин зиёд дорем.
- Метавонед, аз њар як мавќеъ якчанд нафари номбар намоед?
-Њуљумкунандањо: Юсуф Рабиев, Сўњроб Њамидов, Нўъмон Њакимов, ниммуњофизатгарон: Хуршед Мањмудов, Рустам Хољаев, Анвар Норќулов, њимоятгарон: Наим Носиров, Рањматулло Фузайлов, дарвозабонњо: Миралї Муродов ва Алишер Додов.
- Оё дастаи Тољикистон имконияти дар чемпионати љањон иштирок карданро дорад?
- Агар кўшишу ѓайрат кунем чаро не. Барои ин мењнат кардан даркор аст. Бояд маблаѓи зиёд бошад, то даста берун аз кишвар тамрин гузаронаду бозињои рафиќона бо дастањои хориља зиёд бошанд. Лекин ин орзу ба фикрам наздики 3-4 сол намешавад.
- Берун аз кишвар дар ягон даста бозї кардаед?
- Оѓози мавсими 2008 Соњиб Савонкулов, Акмал Сабуров ва ман барои гузаштани санљиш ба дастаи «Андиљон»-и Андиљон рафта будем. Баъди гузаштани санљиш бо ин даста якчанд бозии рафиќона низ гузарондем. Вале бо роњбарияти даста гуфтушунидамон хуб нагузашт, аз њамин сабаб ба ватан баргаштем.
- Дигар ягон даъват набуд?
- Не.
- Агар шавад…
- Њатман ќувваи худро месанљам.
- Дар бораи озмун њафтаномаи мо чї фикр доред?
- Рости њангоме, ки дар дастаи «Истаравшан» бозї мекардам, мухлисони ин даста хеле зиёд буданд. Ва фикр мекунам, имрўз мањз њамонњо маро дастгирї карда истодаанд. Ќариб 18 њазор мухлис ба тамошои бозї меомад. Майдонро чунон пур мекарданд, ки нишастгоњњои холї намемонд, бештари онњо росто футбол тамошо мекарданд.
- Мухлисони дастаи «Энергетик» чї?
- Мухлисони ин даста ангуштшуморанд.
- Сабаб дар чист?
-Футболи тољик пеш нарафта истодааст. На легионер даъват карда метавонему, на талабгор дорем. Агар дастањо маблаѓ дошта бошанд, пас имконияти даъват намудани легионерњо мешавад. Ва бо ин восита мухлисон њам љамъ мешаванд, то бозии легионерњоро тамошо кунанд.
Ганљина Собирова «Гол» |